27 Ноябр 2026 - 20:58
Source: ABNA
Вокуниши Ҳамос ба террори нокомшудаи фарзанди Халил ал-Ҳая

Ҷунбиши Ҳамос террори нокомшудаи фарзанди Халил ал-Ҳаяро дар Ғазза идомаи сиёсати ҷинояткории режими сионистӣ алайҳи халқи Фаластин донист ва таъкид кард, ки саркардагони ин режим комилан аз арзишҳои инсонӣ дур шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе эълом кард, ки ҳамлаи артиши ишғолгари сионистӣ ба як манзили истиқоматӣ дар Ғазза ва кӯшиши террори фарзанди доктор Халил ал-Ҳая, раиси ин ҷунбиш, ҳамроҳи хонаводаи ӯ ва хонаводаи шаҳид Аззом Халил ал-Ҳая, дар идомаи сиёсати ҷинояткорӣ ва бесобиқаи кобинаи ишғол алайҳи тамоми халқи Фаластин сурат гирифтааст.

Ҳамос дар ин баёния таъкид кард, ки ин иқдом ҳамчунин дар ростои таҳдидҳоест, ки «Исроил Катс», вазири ҷанги режими ишғол алайҳи раиси Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин матраҳ карда буд.

Ин ҷунбиш бо маҳкум кардани ин ҳамла, онро бозтоби зеҳнияти ҷинояткорӣ ва фурӯмояи роҳбарони ишғол ва ҷинояткорони ҷанг донист ва эълом кард, ки ин саркардагон ба таври комил аз арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ дур шудаанд. Ҳамос дар ҳамин замина аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ин гурӯҳи фашистиро тард кунад, барои масъул кардани он иқдом кунад ва барои хотима додани комили ишғолгарӣ дар сарзамини Фаластин ва алайҳи халқи ин кишвар талош кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha